Ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Копировать Копировать

11 марти соли 2023 дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаласаи 18-уми Раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои  судҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

  1. Таҷрибаи ҷорӣ намудани судҳои электронӣ;
  2. Мусоидат ба дастрасӣ ба адолати судӣ: мушкилот, ташаббус ва дурнамо;
  3. Мушкилиҳои институтсионалии низоми судӣ: таъхир, инфрасохтор, ташаббус ва имкониятҳо.

 

Иштироккунандагони ҷаласа оид ба муҳимияти мавзӯъҳои баррасишуда ва зарурати баланд бардоштани ҳамкориҳои самаранокии байни мақомоти судӣ маърӯзаҳо доир намуданд.

Дар охири ҷаласа изҳороти муштараки раисони судҳои олӣ қабул гардида, тибқи он дар назар дошта шуд, ки минбаъд низ байни судҳои олии давлатҳои аъзо ҳамкориҳои судманд дар раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузории кишварҳои аъзо идома дода шавад.