10 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ аз рафти корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва фаъолони шаҳр мулоқот доир карданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи коргарони неругоҳ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ барои заҳматҳои шабонарӯзиашон ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон ва расидан ба истиқлоли энергетикии кишвар сипосу миннатдорӣ баён карданд.
Рӯзи 01-уми августи соли 2023 дар маҷлиси сайёри суди дар ноҳияи Восеъ, Ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалиев деҳаи Охҷар парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҳайдарова Ширинмоҳ Раҷабовна бо ҷавобгарии Алиев Рустам Қурбоналиевич дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Восеъ Ҳамидзода Р.А. баррасӣ карда шуд.
Рузи 28- уми июли соли 2023 баромади пристави судии суди ноҳияи Восеъ дар машғулияти семинарии ҳармоҳаи кормандони дастгоҳи суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб.
Рузи 28- уми июли соли 2023 баромади раиси суди ноҳияи Восеъ дар машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳои суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар шаҳри Норак.
Рӯзи 24-уми майи соли 2023 дар маҷлиси сайёри суди дар бинои Раёсати АСИН ноҳияи Восеъ, парвандаҳои оилавӣ дар бораи ситонидани алимент ва муқаррар намудани далели эътирофи падарӣ аз ҷониби раиси суди ноҳияи Восеъ Шарифзода Б.Б. баррасӣ карда шуд. VID-20230602-WA0005(0)_compress
Рӯзи 26-майи соли 2023 машғулияти семинарии ҳармоҳаи судяҳои Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар Суди шаҳри Кӯлоб баргузор гардид