Ваҳдати миллӣ сутуни истиқлолияти Давлати тоҷикон

Давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои бузургро дар арсаи ҷаҳон ба даст овард, ки имсол 26-умин солагии иди Ваҳдати миллии худро бо тантана таҳлил менамоем.

Қобили қайд аст, ки муқовиматҳои сиёсӣ байни гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки бештар тамоюли маҳалчигӣ доштанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои 1990-1991-ум идома ёфтанд.

Бо назардошти вазъияти ба вуқуъомада 9-уми сентябри соли 1991-ум иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот қабул намуд, ки баҳри таъсиси давлати демократии ҳуқуқбунёд, ки сатҳи сазовори зиндагониро таъмин намуда, ҳимояи шараф ва эътибори ҳар як шаҳрвандро таъмин мекунад, замина гузошт.

Моҳи ноябри соли 1992-юм дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Фарҳанги хоҷагии ба номи Урунхоҷаев баргузор гардида буд, бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар толори қасри сулҳовар ҷилва намуд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром парчами кишварамонро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.

Таърихи навини давлати тозабунёди тоҷикон ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кутоҳ ба қабули нахустин Конститутсияи соҳибистиқлоли худ, арзишҳои демократидошта, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таљзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣмегардад ва дигар қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки 6-уми ноябри соли 1994-ум қабул гардид, ки яке аз музаффариятҳои даврони Вањдати милли тољикон мебошад.

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули аввалин Конститутсия дар даврони истиқлолият, ки илҳомбахш ва асосгузори бевоситаи он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бори аввал мувофиқи моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани муқаррарот дар бораи амалӣ гаштани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он бо ҳокимияи Қонунгузор, Иҷроия ва Суд ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил замина гузошт.

Маҳз пас аз қабули конститутсия, зарурияти гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои асосие, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад.

Бо ин мақсад 1-уми декабри соли 1994-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти Конститутсионӣ қабул карда шуд, ки дар заминаи он соли 1995 қонунҳои Конститутсионӣ дар бораи сохторҳои судӣ ва дигар қонунҳо қабул шуданд, ки онҳо бевосита самараи истиқлолият мебошанд, оғоз бахшида, аз тарафи дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим даровард. Боиси қайд аст, ки 26 сентябри соли 1999-ум дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйроту иловаҳо ворид гардида, барои сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд қадами устувор гузошта шуд. Дар ин замина Тоҷикистон соҳиби Парлумони касбӣ ва доимоамалкунанда гардид. Ин ҳам бошад, тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Қобили қайд аст, ки ба ифтихор ва қадрдонии беандоза аз неъматҳои бебаҳои Истиқлолият ваВањдати милли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он шаҳсутун шиносномаи давлат ва миллати тоҷикон мебошад, дар тӯли солҳои Истиқлолият ва Ваҳдати милли ба хотири сулҳу амонӣ баҳри таъмини соҳибихтиёрии давлати азизамон ва рушду камоли он ва ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба ба ин Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ин ҳам бошад, бори аввал 26-уми сентябри соли 1999, бори дуюм 22-юми июни соли 2003 ва бори сеюм бошад, 22-юми майи соли 2016. Бо баракати истиқлолият ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба дастовардҳои бузург дар роҳи Ваҳдати миллӣ, ободонии кишвари азизамон ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ комёб гардида, давра ба давра ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравад.

Истиқлолият ва Ваҳдати милли шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иктисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Дар давоми 32 соли соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сайъу кӯшиш ва иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ва масъулияти падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду қонуни миллӣ қабул гардид, ки ин ҳам бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 08.06.2007 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 02.08.2011 қабул гардид, ки ин ќонунњои воќеан милли буда яке аз музаффариятҳои Вањдати милли Ҷумҳурии Тоҷикистонамон мебошанд.

Бигзор, диёри соҳибисстиқлол ва тозабунёди тоҷикон бо сарварии ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо сарсабзу обод, мардуми тоҷик шоду хуррам ва дар осмони софу беғубори ватани азизамон сулҳу салоҳ, тинҷию амонӣ, бахту саодат пойдор бошад. 26-солагии Ваҳдати милли Ҷумҳурии Тоҷикистонамон ба ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.

Раиси суди ноҳияи Восеъ Шарифзод Б.Б